Зани кӯҳистон, модари тоҷик. Барояш ҳазор модарнома нависанд, кам аст. Чӣ вуҷуди ҷафокашу дили пурмеҳр, ки сахтиҳои кӯҳистон ормонҳои зебояшро набурдаанд. Ҷонсупори хонавода, ҷонсупори фарзандони раҳдур… Аз ӯ танҳо ёдҳо мемонанд, ёдҳо…. Хонандаи бисёр дардошнои ман! Бароят "Модарнома"-и Устод Лоиқро дар намуди пурра пешкаш мекунам.